Яке аз роҳи ба даст овардани касб ин омӯзиши Ausbildung аст, ки дар Австрия ва Швейтсария бо номи Lehre маъруф аст. Таълимгирандагон Azubi номида мешаванд. Таълимгирандагон ҳангоми Ausbildung дар як ҳафта се рӯз дар ширкат кор мекунанд ва бо вазифаҳои касби ояндаашон шинос мешаванд. Ду рӯзи боқимондаи ҳафтаро таълимгирон ба омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ рафта, дар он барои касби ояндаашон донишҳои назариявӣ мегиранд.
Одатан, омӯзиш се сол давом мекунад ва бо имтиҳон, ки аз қисмҳои назариявӣ ва амалӣ иборат аст, ба итмом мерасад. Бартариҳои асосии Ausbildung таҷрибаи касбӣ (аз оғози омӯзиш таълимгарон таҷрибаи амалии касбӣ дар ширкат ба даст меоранд), мустақилияти молиявӣ (таълимгарон аз аввали омӯзиш ҳармоҳа музди меҳнат мегиранд, ки ин онҳоро аз ҷиҳати молиявӣ мустақил мегардонад), имконияти хуби ба кор қабул шудан дар ширкате, ки таълимгар омӯзиш мегирад (бисёр ширкатҳо мехоҳанд, ки мутахассисони ботаҷрибаи худро пас аз омӯзиш нигоҳ доранд, зеро онҳо аллакай дар ширкат таълим гирифтаанд ва раванди корро медонанд) мебошанд.
Касбҳои омӯзиширо асосан ба 5 самти зерин тақсим кардан мумкин аст:
- Саноат ва савдо: корманди бонк, котиб, мутахассиси технологияи иттилоотӣ, механики саноатӣ, ошпаз, фурӯшанда, корманди суғурта;
- Ҳунари дастӣ: оптикаи чашм, нонвой, пивопаз, суратгир, сартарош, рассом ва рангмол;
- Кишоварзӣ: ҷангалбон, боғбон, иқтисодчӣ, деҳқон;
- Хадамоти давлатӣ: мутахассиси хизматрасонии ҳаммом ва ҳавзҳои шиноварӣ, корманди хизматрасонии нотариалӣ, корманди адлия, корманди коргоҳи машваратдиҳанда дар соҳаи андоз, роҳбалад, геодезист, корманди маъмурӣ;
- Касбҳои озод: корманди соҳаи тиб, корманди дорусозӣ, корманди духтури ветеринарӣ, корманди духтури дандон.
Манбаъ: www.klexikon.zum.de, www.ihk.de, www.azubiyo.de