Соли Ихтиёрии Иҷтимоӣ - Freiwilliges Soziales Jahr (FSJ) 

 

Дар доираи барномаи FSJ довталаб дар муассисаҳои иҷтимоӣ ба монанди кӯдакистонҳо, клубҳои варзишӣ ё фарҳангӣ, беморхонаҳо, созмонҳои сиёсӣ ва ғайра ҳамчун хидматкунандаи ихтиёрӣ кӯмак мекунад. Аз ҳамин сабаб ин барнома набояд ба мақсади пулкоркунй суиистифода карда шавад. Агар таъини FSJ ҳадди аққал шаш моҳ давом кунад, хатмкунандагони FSJ одатан ҳаққи гирифтани хислатномаро низ доранд. Довталабон барои хидмати ихтиёрии худ ва баъзан барои ҳуҷра ва хӯрок ҷайбпулӣ мегирад. Дар баъзе мавридҳо корхонае, ки ба FSJ ба кор мегирад ба довталабон кумаки молиявӣ барои суғурта низ пешниҳод мекунанд.

 

Хизмати Ихтиёрии Федеролӣ - Bundesfreiwilligendienst (BFD) 

 

Одатан маҳдудияти синну сол барои кор дар BFD вуҷуд надорад. Довталабон дар баробари кор ва таҳсили худ дар муассисаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, экологӣ ва дигар муассисаҳои давлатии Олмон машғул мешаванд. Онҳо барои ин ҷайбпулие мегиранд ва дар шакли автоматӣ дар фонди нафақавӣ қайд мешаванд ва аз суғуртаҳои гуногун бархурдоранд.

 

Соли Ихтиёрии Экологӣ - Freiwilliges Ökologisches Jahr (FÖJ) 

 

Дар соли ихтиёрии экологӣ (FÖJ/ÖBFD) он ҷавононе фаъолона иштирок мекунанд, ки одатан мехоҳанд, солро дар табиат ва ҳифзи муҳити зист ва ҳайвонот, дар омӯзиши экологӣ, дар кишоварзии органикӣ ё соҳаи рушди устувор гузаронанд. Маҳдудияти синну сол то 27-сола аст ва барои корашон довталабон ҳар моҳ ҷайбпулӣ, кӯмакпулии ҳармоҳа барои ҳуҷра, барои хӯрок ва хароҷоти сафар мегиранд ва албатта бо суғуртаи иҷтимоӣ фаро гирифта мешаванд. Ба иштирокчиёни ин барнома семинарҳои гуногун пешниҳод карда мешаванд ва пас аз зиёда аз шаш моҳи кори онҳо хислатнома низ гирифта метавонанд.

 

Манбаъ: www.kultur-life.de