Шартҳои умумии ҳамкорӣ (ШУҲ) барои курсҳои онлайн
1. Доираи эътиборият
1.1 Ин Шартҳои умумии ҳамкорӣ (ШУҲ) барои ҳамаи шартномаҳо дар бораи иштирок дар курсҳои онлайн байни Tojservices (минбаъд "ташкилот") ва иштирокчӣ (минбаъд "иштирокчӣ") эътибор доранд.
1.2 Шартҳои умумии дигар, мухолиф ё иловагӣ, ҳатто дар сурати огоҳӣ, қисми шартнома намешаванд, ба шарте ки ба онҳо бо таври хаттӣ розигии махсус дода нашавад.
2. Матлаби шартнома
2.1 Провайдер курсҳои гуногуни онлайнро пешниҳод мекунад, ки тавассути платформаи омӯзишӣ дастрас мебошанд.
2.2 Ҳаҷми мушаххаси хизматрасонӣ ва мундариҷаи курсҳо аз тавсифи курс дар вебсайти ташкилот бармеоянд.
2.3 Курсҳо бо гувоҳномаи Tojservices хатм карда мешаванд.
3. Сабти ном ва бастани шартнома
3.1 Сабти иштирокчӣ ба курси онлайн тавассути онлайн дар вебсайти ташкилот сурат мегирад.
3.2 Сабти иштирокчӣ ба таври қатъӣ дода мешавад, агар иштирокчӣ ҳам сабти номро ирсол карда бошад ва ҳам пардохти курсро то санаи ниҳоии бақайдгирӣ ирсол намояд.
3.3 Шартнома баста ҳисоб мехурад, пас аз оне ки ташкилот сабти қатъии иштирокчиро тавассути почтаи электронии тасдиқ намояд ва ҳадди аққал 10 нафар барои курс сабти ном гарданд.
3.4 Агар иштирокчӣ ҳангоми бақайдгирӣ маълумоти нодуруст диҳад, фавран аз курс хориҷ карда мешавад ва маблағи курс ба ӯ баргардонида намешавад.
4. Шартҳои пардохт
4.1 Ҳаққи иштирок бояд пешопеш то санаи ниҳоии бақайдгирӣ пардохт карда шавад.
4.2 Ҳаҷми ҳаққи иштирок аз тавсифи курс бармеояд.
4.3 Пардохт тавассути усулҳои пардохт, ки дар тавсифи курс ном нишон дода шудаанд, анҷом дода мешавад.
5. Ҳуқуқи бекоркунӣ
5.1 Иштирокчиён, ки истеъмолкунандагон тибқи §13 кодекси шаҳрвандии Олмон мебошанд, ҳуқуқи қонунии бекоркунӣ доранд.
5.2 Мӯҳлати бекоркунӣ 14 рӯз аз рӯзи бастани шартнома мебошад.
5.3 Барои истифодаи ҳуқуқи бекоркунӣ, иштирокчӣ бояд ташкилотро бо изҳороти равшани худ (масалан ба воситаи номаи фиристодашуда тавассути почта ё почтаи электронӣ) дар бораи тасмими бекор кардани ин шартнома огоҳ кунад. Иштирокчӣ метавонад барои ин ҳуҷҷати намунавии бекоркунӣ истифода барад, ки ин ҳатмӣ нест.
5.4 Барои нигоҳ доштани мӯҳлати бекоркунӣ, кофӣ аст, ки иштирокчӣ огоҳиномаи худро дар бораи истифодаи ҳуқуқи бекоркунӣ пеш аз мӯҳлати бекоркунӣ фиристад.
5.5 Агар иштирокчӣ шартномаро бекор кунад, ташкилот ҳамаи пардохтҳо, бо истиснои пардохти материали дигиталии нашрия, ки ӯ аз иштирокчӣ гирифтааст бидуни таъхир ва на дертар аз чордаҳ рӯз аз рӯзи расидани огоҳиномаи бекоркунӣ ба ташкилот баргардонад. Барои ин ташкилот ҳамон усули пардохтро истифода мебарад, ки иштирокчӣ ҳангоми анҷоми аслии транзаксия истифода кардааст, ба шарте ки бо иштирокчӣ чизи дигаре ба таври возеҳ мувофиқа нашуда бошад.
5.6 Курсҳои гуруҳӣ танҳо дар он ҳолате баргузор мегарданд, ки агар дар гуруҳ ҳадди ақал 10 нафар ҷамъ шаванд.
6. Дастрасӣ ба курсҳои онлайн
6.1 Пас аз басташавии шартнома иштирокчӣ ба курсҳои онлайн дастрасӣ мегирад.
6.2 Дастрасӣ ба курсҳои онлайн шахсӣ ва ғайри қобили интиқол аст.
6.3 Иштикорчии курс уҳдадор аст, ки барои дастраси ба курс худро бо васоити электронӣ ба монанди Tablet ва ё ноутбук муҷаҳазонад ва дастраси ба интернети бо суръати хуб дошта бошад.
7. Ҳуқуқҳои истифода
7.1 Иштирокчӣ ҳуқуқи истифодаи содда, ғайри қобили интиқол ба маводи курсро барои истифодаи шахсӣ мегирад.
7.2 Ҳама гуна додан, нусхабардорӣ ё нашри маводи курс манъ аст.
8. Масъулият
8.1 Ташкилот танҳо барои зарарҳое, ки бар асари вайронкунии қасдан ё бетаваҷҷӯҳии шадид ба вуҷуд меоянд, масъул аст.
8.2 Масъулият барои беэҳтиётии оддӣ истисно мешавад, ба шарте ки сухан дар бораи зарари аз вайронкунии ҳаёт, бадан ё саломатӣ ё вайронкунии вазифаҳои муҳими шартнома (вазифаҳои асосӣ) равад.
9. Ҳифзи маълумотҳои шахсӣ
9.1 Ташкилот маълумоти шахсии иштирокчиро тибқи қонунгузориҳои амалкунанда нисбат ба ҳифзи маълумотҳои шахсӣ коркард мекунад.
9.2 Маълумоти бештар дар изҳороти махфияти маълумотҳои шахсӣ дар вебсайти ташкилот дастрас аст.
10. Шартҳои ниҳоӣ
10.1 Қонуни Федеративии Ҷумҳурии Олмон татбиқ мешавад.
10.2 Агар ягон муқаррароти ин ШУҲ беэътибор бошад, ин эътибори боқимонда муқарраротро таъсир намерасонад.
10.3 Ҷои мурофиавӣ барои ҳамаи баҳсҳо аз ин шартнома макони ташкилот аст.